Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония

7 декабри соли 2018, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҷалолов Мирзошариф бо вакили Палатаи намояндагони Парлумони Япония - Раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Япония ҷаноби Кэйҷи Фуруя мулоқоти арзи адаб намуд.

Зимни он миёни ҷонибҳо доир ба натиҷаи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония (3-5 октябри соли 2018), масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба, инчунин ҷанбаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj