Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Вазири корҳои хориҷӣ дар иҷлоси 25-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)

6 декабри соли 2018 дар шаҳри Милани Италия ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар иҷлоси 25-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ширкат кард.

Зимни ҳамоиши мазкур роҳбарони ҳайатҳои расмии 57 кишвари ширкаткунанда ва 11 кишвари шарики САҲА роҷеъ ба бандҳои асосии рӯзномаи иҷлос, масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се ченаки фаъолияти Созмон, аз ҷумла роҳҳои тавсеа бахшидан ба ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоту чолишҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон зимни суханронӣ дар иҷлос мавқеи Ҳуқумати кишварро нисбат ба масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА ироа намуда, таваҷҷуҳи ҳамтоёнашро ба зарурати андешидани чораҳои муштарак бо мақсади таҳкими амният дар паҳнои САҲА, аз ҷумла мубориза бо терроризм ва экстремизм, ва дар ин замина ҳамкорӣ барои тавсеаи амният дар сарҳади давлатӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва харидуфурӯши одамон ҷалб кард.  

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба қазияи коҳиши эътимод миёни кишварҳои Созмон, ҷиҳати худдорӣ аз сиёсати меъёрҳои духӯра дар баррасии мушкилоти ҳалталаби рӯз даъват ба амал овард.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj