Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли САҲА

6 декабри соли 2018 дар шаҳри Милан дар ҳошияи ҷаласаи 25-уми Шӯрои вазирони кишварҳои ширкаткунандаи САҲА, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли САҲА Томас Гремингер мулоқот намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дар масъалаҳои марбут ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону САҲА, аз ҷумла раванди таҳияи Ёддошти тафоҳум, фаъолияти минбаъдаи Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе, раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми амниятии САҲА дар соли 2019 ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj