Тоҷикӣ | Русский | English  

Ширкати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар субҳонаи кории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД

Cубҳи 6 декабри соли 2018 дар шаҳри Милан Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи ҷаласаи 25-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА (ШВКХ САҲА) дар субҳонаи кории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД ширкат намуд.

Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои  кишварҳои узви СААД дар чаҳорчӯби САҲА, аз ҷумла мувофиқаи мавқеи муштараки ин кишварҳо нисбат ба бандҳои асосии рӯзномаи иҷлос ва лоиҳаҳои қарорҳои 25-уми ШВКХ-и САҲА мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин нишаст мавқеи Ҳукумати кишварро дар робита ба бандҳои рӯзномаи иҷлоси мазкур ироа намуда, ба зарурати таҳкими ченаки иқтисодӣ-муҳитизистии САҲА, инчунин андешидани чораҳои муштарак аз хатару чолишҳои муосир, аз ҷумла мубориза бо гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва фурӯши одамон таъкид кард.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj