Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Руминия

6 декабри соли 2018 дар шаҳри Милан дар ҳошияи ҷаласаи 25-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини вазири корҳои хориҷии Руминия Данут Себастиан Никулаеску баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ, маориф ва амниятӣ мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати баргузории даври ояндаи машваратҳои сиёсии дуҷониба миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Илова бар ин, ҷонибҳо дар атрофи авлавиятҳои раёсати Руминия дар Иттиҳоди Аврупо дар нимаи аввали соли 2019 ва дар ин замина тавсеаи ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби стратегияи нави он бо кишварҳои Осиё Марказӣ ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот Нақшаи амал оид ба ҳамкориҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Руминия барои солҳои 2019-2020 ба имзо расид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj