Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

6 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуд иштирок намуданд.

Сарони давлатҳои иштирокчии ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамгироии байнидавлатиро дар доираи иттиҳод мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба нақшаҳои кории минбаъда вобаста ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими амнияту бехатарӣ дар қаламрави давлатҳои аъзои иттиҳод табодули афкор намуданд.

Дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамзамон дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла муборизаи дастҷамъона ба муқобили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддӣ доранд баррасӣ гардид.

Шоми ҳамин рӯз, пас аз анҷоми ҷаласаи ғайринавбатӣ бо даъвати Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар театри Мариинскийи шаҳри Санкт-Петербург аз балети “Щелкунчик” дидан карданд.  

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj