Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон

7 ноябри соли 2018 дар ш. Остона мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири навтаъйини корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва рушду такомули минбаъдаи муносибатҳо, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, инчунин масоили сарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо инчунин доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СААД ва САҲА табодули афкор намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj