1 ноябри соли 2018 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо нусхаи Эътимодномаи худро ба Сардори Раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Олмон ҷаноби Артс фон Штрауссенбург супорид.
Артс фон Штрауссенбург Сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ барои амалӣ намудани рисолати дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.