Тоҷикӣ | Русский | English  

Суханронии намояндагони Тоҷикистон дар кори иҷлосияи чоруми солона оид ба баррасии иҷрои ӯҳдадориҳои марбут ба ченаки инсонӣ

12 сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшава намояндагони Тоҷикистон дар кори иҷлосияи чоруми солона оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳои марбут ба ченаки инсонӣ суханронӣ намуданд.

Дар иҷлосияи бахшида ба масъалаҳои волоияти қонун, аз ҷумла оид ба мустақилияти судҳо, ҳуқуқи ҳукмҳои одилона ва қонунгузории демократӣ муовини сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Каримзода баромад кард.

Ш.Каримзода дар баромади худ идомаи ислоҳоти мусбат бо татбиқи фаъолияти адвокатӣ дар татбиқи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро қайд кард. Ҳамчунин, ба иштирокчиёни ҷаласа иттилоот дар бораи низоми судии мавҷуда дар Тоҷикистон, ки ба низоми судии ҳамаи давлатҳои аъзои САҲА монанд аст, ироа карда шуд.

Дар поёни ҷаласа Ш.Каримзода ба саволҳои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ посухҳои мушаххас дод.   

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj