Тоҷикӣ | Русский | English  

Суханронии намояндагони Тоҷикистон дар кори иҷлосияи дуюм ва сеюми солона оид ба баррасии иҷрои ӯҳдадориҳо марбут ба ченаки инсонӣ

11 сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшава намояндагони Тоҷикистон дар кори иҷлосияи дуюм ва сеюми солона оид ба баррасии иҷрои ӯҳдадориҳо марбут ба ченаки инсонӣ суханронӣ намуданд.

Дар иҷлосияи бахшида ба масъалаҳои озодии ВАО Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Н. Зоҳидӣ ва сардори РИМТТСХ В.Ниятбекзода баромад карданд.

Намояндагони Тоҷикистон дар баромадҳои худ оид ба беҳбуди асосҳои ҳуқуқу озодиҳои ВАО дар кишвар, инчунин талошҳои Ҳукумат ҷиҳати таъмини дастрасии намояндагони ВАО ба иттилоотро қайд намуданд.

Дар баробари ин, ҳайати Тоҷикистон ба саволҳои намояндагони ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ роҷеъ ба вазъи озодии ВАО дар Тоҷикистон посухҳои мушаххас доданд.   

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj