Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси солонаи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR)-и САҲА

10 сентябри соли 2018 дар ш.Варшава Иҷлоси  Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR)-и САҲА роҷеъ ба раванди иҷрои уҳдадодриҳои марбут ба ченаки инсонӣ ба кори худ шуруъ кард. Дар кори иҷлос ҳайати Тоҷикистонро Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Зоҳидӣ роҳбарӣ менамояд.

Дар маросими ифтитоҳи иҷлоси мазкур Мудири ODIHR хонум И. Гисладоттир, намояндаи Раёсати амалкунандаи  САҲА (Италия), Раиси Шурои доимии САҲА А. Аззонӣ, Вазири корҳои хориҷии Полша Я. Чапутович, роҳбарони ниҳодҳои сохтории САҲА, инчунин роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунандаи САҲА баромад намуданд.

Зимни суханронӣ дар иҷлос Н.Зоҳидӣ ба аҳамияти сулҳ, пойдорӣ ва ваҳдати миллии мардуми тоҷик бо мақсади рушди иқтисодиёти миллӣ ва таҳкими низоми давлатдориро, ки дар асоси принсипҳои адолати иҷтимоӣ, кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва тартиботи қонунӣ асос ёфтааст,  таъкид кард.

Н. Зоҳидӣ  тазаккур дод, ки тули солҳои истиқлол мухолифини сохти  давлатдории ҳуқуқӣ, демократӣ ва дунявии Тоҷикистон, аз шумули  гуруҳҳои тундгарои динӣ-экстремистӣ, пеш аз ҳама аъзои ТЭТ ҲНИ, борҳо кушиш ба харҷ дода буд, ки ба ин раванд  латма ворид намояд. Аммо мардуми Тоҷикистон ба аъзоёни ҲНИ, ҳаммаслакони онҳо дар дохили кишвар ва  илҳомбахшонашон дар хориҷ муқовимати арзанда нишон доданд. Кӯшишҳои бенатиҷаи ноором гардонидани вазъият дар Тоҷикистон нишондоди таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, манфиатҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Ҳамкориҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА ва дигар сохторҳои он аз қабили ODIHR ва диг. муҳим арзёбӣ гардида, қайд гардид,ки  Тоҷикистон  ба  вазифа ва  уҳдадориҳои худ дар доираи  муборизаи  умумӣ барои таҳкими сулҳ ва амният, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мустаҳкам боқӣ хоҳад монд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон таъкид намуд, ки мутаасифона дар баҳодиҳии фаъолият ва мақсадҳои гуруҳҳои алоҳидаи террористӣ, манфиатҳои ин ё он қувваҳо боло гирифта, дар натиҷа террористҳо ба хуб ва бад ҷудо гардида, дар зери ниқоби ҳимояи ҳуқуқи инсон нисбати онҳо меъёрҳои  духурагӣ истифода бурда мешавад, ки ин ба густариши фаъолияти терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, эҳёи унсурҳои радикалӣ, ҷалби ҷавонон  ба ташкилотҳо ва гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ва иштироки онҳо дар ҷангҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ,оварда мерасонад.

Қайд гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори иштироки фаъоли ҷамъияти шаҳрвандӣ дар вохуриҳо оид ба ченаки инсонӣ  буд ва мебошад, аммо  иштироки ҳизб ва ҳаракатҳоеро, ки дар давлатҳои САҲА барои ҷиноятҳои вазнин  ва амалҳои  террористӣ, таълими идеологияи зуроварӣ ва бетаҳаммулии динӣ маҳкум гардидаанд, қобили қабул намешуморад. Барои мисол ТЭТ ҲНИ, ки дахолати он ба амалҳои террористӣ бо далелҳо ва шоҳидҳои зиёди тасдиқ гардидааст.

Дар робита ба ин , ҷиҳати  ҷилавгирӣ аз истифодаи  майдони САҲА  барои пешбурди ҳадафҳои муғризонаи унсурҳои ҷиноӣ, Н.Зоҳидӣ  барои ислоҳоти қоида ва тартиби ODIHR оид ба иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар вохуриҳои солонаи ченаки инсонӣ  даъват намуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj