Тоҷикӣ | Русский | English  

Брифинги Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, бахшида ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” 2018-2028

6 июли соли 2018 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон брифинг бахшида ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор, 2018-2028, ки дар санаи 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир шуд, баргузор гардид.

Дар брифинг намояндагони расонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинии зикргардида Сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ ба намояндагони ВАО роҷеъ ба натиҷаҳои чорабинии баргузоршуда маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таъкид дошт, ки Конфронси мазкур ба ҳалли масоили ҷойдошта ва фаъолсозии талошҳо ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди устувор дар соҳаи захираҳои об саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Дар суханронии хеш Сафир бо истинод ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, изҳор намуд, ки дар ин ҷода тайи понздаҳ соли ахир Тоҷикистон саъю талошҳои муштаракро дар чаҳорчӯби татбиқи чунин ташаббусҳои глобалӣ, ба монанди “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ҳамаҷониба тақвият бахшид. Ҳамаи ин ибтикорот дар масъалаи дарки амиқи нақши нодири об дар ҳаёти сайёраи мо саҳми арзишманд гузоштанд. Ҳамзамон бо ин онҳо ба ҷалби фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ба идораи захираҳои об, татбиқи лоиҳаҳо ва истифодаи технологияву навовариҳои муосир дар ин соҳа мусоидат карданд. Алалхусус қайд кардан ба маврид аст, ки ин ташаббусҳо дар татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, саҳми худро гузоштаанд.

Дар фароянди чорабинӣ ба иштирокчиён суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор, 2018-2028 ва Эъломияи Душанбе паҳн гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj