Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқотҳо дар Вазорати корҳои хориҷии Умон

12 апрели соли 2018 Сафири Тоҷикистон дар Кувайт З. Зубайдов дар Маскат бо Вазири корҳои хориҷии Умон  ҷаноби Юсуф ибни Алавӣ ибни Абдуллоҳ мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо алоқамандии самимии хешро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию  тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ баён намуданд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷиҳати фаъол намудани равобити судманд, танзими табодули сафарҳо дар сатҳҳои гуногун ва ҳамкории намояндагиҳои дипломатии ду кишвар мувофиқи мақсад мебошад.

Вазири корҳои хориҷии Умон изҳор дошт, ки ҳуқумати кишвараш аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ истиқбол намуда, ҷиҳати иштирок дар конфронсҳои байналмилалии Душанбе дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ ҳайати баландмақоми Умонро эъзом хоҳад кард.

Худи ҳамон рӯз ҳамчунин мулокоти кории Сафир бо Сардори Идораи Осиёи Марказӣ ҷаноби Аҳмад Ҳамид ал-Ҷамрӣ баргузор шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ, туризм баррасӣ намуда, ба зарурати тақвияти пояи шартномавию ҳуқуқӣ миёни ду кишвар таъкид намуданд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj