Тоҷикӣ | Русский | English  

Консули фахрии Тоҷикистон “Консули Сол” -и Олмон эълон шуд

Рӯзи 3 декабри соли 2017 дар шаҳри Берлин бо ташаббуси маҷаллаи дипломатии Олмон “Diplomatisches Magazin” ҳамоиши солона баргузор гардид. Барои иштирок дар ин ҳамоиш беш аз 300 нафар доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва намояндагиҳои дипломатӣ даъват гардиданд.

Дар доираи кори ҳамоиш бо қарори мушовараи маҷаллаи дипломатии “Diplomatisches Magazin” барои фаъолияти пурсамар ҷиҳати иҷрои масъулияти консули фахрӣ, саҳми муносиб дар муаррифии имрӯзи Тоҷикистон ва баргузор намудани чорабиниҳо ба хотири ҷашнгирии рӯзҳои таърихӣ ва миллии Тоҷикистон дар Олмон консули фахрии Тоҷикистон дар Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн ҷаноби Куруш Пуркиён бо ҷоизаи фахрии “Консули Сол” сарфароз гардид.

Ҷоизаро дар фазои тантанавӣ сармуҳаррири маҷаллаи дипломатии “Diplomatisches Magazin” хонум д-р Ирене Эрнст супорид. Дар баромади худ ҷаноби Куруш Пуркиён аз ҷумла иброз дошт, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 26 соли соҳибистиқлолияш таҳти сарварии Пешвои Миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ман ба ҳайси консули фахрӣ ифтихормандам, ки имкон дорам дар муаррифии таъриху фарҳанги кӯҳани миллати тоҷик ва дастовардҳои имрӯзи Тоҷикистон саҳми худро гузошта, бад-ин васила ба боло бурдани муносибатҳои гуногунҷабҳаи ду кишвари дӯст - Тоҷикистону Олмон мусоидат намоям”.

Дар назди ҳозирин Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов ба сухан баромада, ба ҷаноби Куруш Пуркиён барои фаъолияти пурсамар ба ҳайси консули фахрии Тоҷикистон ифтихорнома супорида, ба нишони эҳтиром ба ӯ хилъати миллӣ пушонид. Ёдовар мешавем, ки ҷаноби Куруш Пуркиён шаҳрванди Олмон буда, аз 2013 масъулияти консули фахрии Тоҷикистон дар заминҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайни Олмонро ба ӯҳда дорад.

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj