Тоҷикӣ | Русский | English  

Қабули эътимоднома аз 7 сафири нав

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири  навтаъиншудаи кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Муғулистон Лувсан Баттулга, Ҷумҳурии Индонезия Раҳмат Прамоно, Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобир, Шоҳигарии Марокаш Абдулҷалил Саубрӣ, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ хонум Кейтуметси Тандека Метюс, Ҷумҳурии Кипр Леонидас Маркидес ва Давлати Исроил Эдуард Шапиро эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи давраи соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати бобарори дарҳои кушода, бо доираи васеи ҷомеаи олам ҳамкориҳои судманду баробарҳуқуқро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба роҳ монда, густариш медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманд бо кишварҳои қитъаи фарохи Осиё, Осиёи Ҷануби Шарқӣ, кишварҳои олами араб ва давлатҳои қитъаи Африқо андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулодда ва мухтори навтаъиншудаи Муғулистон, Индонезия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Марокаш, Африқои Ҷанубӣ, Кипр ва Исроил бо шароиту имкониятҳои васеъи равобити гуногунҷанба, фазои мусоиди сармоягузорӣ шинос шуда, барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷаҳду талош мекунанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj