Тоҷикӣ | Русский | English  

Боздиди ҳайати кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия аз Шаҳраки саноатӣ дар Анкара

7 сентябри соли 2017 ҳайати кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ба мақсади шиносоӣ ва омузиши таҷрибаи фаъолияти шаҳракҳои саноатӣ дар кишвари иқомат аз Шаҳраки саноатии рақами 1-и шаҳри Анқара боздид намуд.

Зимни боздид мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия М.Раҷабиён бо Раиси ин Шаҳраки саноатӣ Айҳан Гокмен баргузор гардид. Дар раванди мулоқот дар дар баробари дарёфти маълумоти фарогир дар робита ба таҷрибаи Шаҳрак, ҳамзамон дар робита ба имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни Шаҳраки саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.

Ҳарду ҷониб дар ин замина сафари ҳайатҳои соҳибкорони ду кишварро ба мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ҳамдигар, баррасии имконияти ҳамкориҳо, омузиши таҷрибаи пешқадам, таъсиси корхонаҳои муштарак, ворид намудани технологияи нав ва афзоиши гардиши мол муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои оғози ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди манфиат изҳор намуда, ба зарурати тақвияти ҷанбаи амалии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ таъкид намуданд.

Ҳайати Сафорат ҳамзамон бо фаъолияти корхонаҳои алоҳидаи коркарди алюминий, истеҳсоли маҳсулоти плостикӣ, мебел ва дигар шинос шуданд. Шаҳраки саноатии рақами 1 яке аз даҳ шаҳракҳои саноатии шаҳри Анқара мебошад, ки иқтидори солонаи иқтеҳсолии он ба 6 млрд доллари ИМА баробар аст.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj