Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷашни 26-ум солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар Женева

12 сентябри соли ҷорӣ дар ш. Женева бахшида ба 26-ум солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки намояндагони баландпояи Конфедератсияи Швейтсария, кантони Женева, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалу муқими Женева баргузор гардид. Дар зиёфат ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлия, Рустам Шоҳмурод ва ҳамватанони бурунмарзӣ низ ҳузур доштанд.

Чорабиниро Сафир Ҷ. Ҳомидов ифтитоҳ намуда,  ҳангоми баромади хеш оид ба дастовардҳои давлат дар тули 26 соли Истиқлолият таҳти раҳнамоиву роҳбарии  хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёдкориву созандагӣ, ки ин аз ваҳдату ягонагии мардуми диёр ва истиқлолияти воқеӣ доштани он шаҳодат медиҳад, суханронӣ намуд.

Ба ҳозирон филми мустанад дар бораи Тоҷикистони истиқлол, табиати нотакрор ва бойгарии табии он, инчунин мусиқӣ, таомҳо ва ҳунарҳои миллӣ пешниҳод гардиданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj