Тоҷикӣ | Русский | English  

Мусобиқаи тенниси рӯи миз байни сафоратхонаҳои кишварҳои СҲИ дар Теҳрон

7 сентябри соли 2017 бо ташаббуси Муассисаи фарҳангии СҲИ  дар Маҷмааи  фарҳангии  варзишии шаҳид Чамрони шаҳри Теҳрон нахустин мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни коркунони сафоратхонаҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид.

Рақобатҳо дар  миёни 17 нафар иштироккунандагон аз кишварҳои узви СҲИ бо ҳакамии доварони варзида бо роҳбарии довари дараҷаи байналмилалӣ Муҷтабо Собирӣ  баргузор гардид.

Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, атташеи иқтисодии Сафорат Аҳё Давлатов ба ҳамаи ҳарифони худ ғолиб омада, қаҳрамони мусобиқа эълон шуд ва соҳиби медал, диплом ва ҷоизаи асосӣ  гардид.

Дар чорабинӣ  раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ Меҳди Мазоҳирӣ ва иддае аз сафирони кишварҳои узви муассисаи СҲИ ва алоқамандону ҳаводорони зиёд ширкат карданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj