Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷашни 26-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Файзободи Афғонистон

7 сентябри соли 2017, маросими ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки як катор роҳбарони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тоҷикони муқими ҳавзаи консулӣ; аъзоёни Анҷумани форсизабонон ва тоҷикони ҷаҳон; намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ аҳли ҳунар ва фарҳанг дар бинои Консулгарӣ баргузор гардид.

Дар оғози маҳфил, баъди садо додани суруди миллӣ, дар бораи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ростои эҳёи давлатдории муосири тоҷикон, ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар бахши дигари суханронӣ муносибатҳои рӯ ба рушди Тоҷикистон ва Афғонистон бозтоб ёфта, изҳори назар шуд, ки “Президенти Тоҷикистон дар кулли суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки самти ҳамкорӣ бо Афғонистон дар феҳрасти авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвари мо қарор дорад ва зербиноии онро усули “ҳамсоягии нек” ташкил медиҳад”.

Дар маҳфил, волии Бадахшон Аҳмад Файсали Бегзод  ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҶИА дар вилоят суханронӣ карданд. Дар ҷараёни баргузории ҷашн, намоиши гулдӯзӣ ва “Гӯшаи Тоҷикистон” бо пешниҳоди китобҳои Президенти мамлакат баргузор гардид.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj