Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили солгарди Истиқлол дар ВКХ

Рӯзи 8 сентябр дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади ботантана бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ин чорабинӣ бо нутқи табрикотӣ баромад карда, Истиқлолро беҳтарин неъмат барои ҳар давлату миллат хонд ва аз он ба ҳайси заминаи боэътимод барои нақшофарӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ёд кард.

Вазири корҳои хориҷӣ бо сайри кӯтоҳе дар таърихчаи Истиќлолият ва роҳи тайнамудаи кишварамон, таъкид кард, ки аз баракати сиёсати хирадмандона ва дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо тавонист тайи 26 сол ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.

Дар хотима С. Аслов бо ёдоварии зинаҳои рушди дипломатияи тоҷик дар даврони Истиқлол, тамоми кормандони Вазорат ва умуман соҳаи дипломатияро дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҳифзи дастовардҳои истиқлол, хизмати содиқона ба Ватан фаро хонда, доштани зиракии сиёсӣ, огоҳӣ аз равандҳои ҷаҳони муосир, шинохти дурусти ҳадафҳо ва манфиатҳои Тоҷикистон, таҷзия ва таҳлили воқеаҳои дохилию хориҷӣ, тасмимгирии саривақтӣ ва мантиқӣ дар баробари руйдодҳо ва садоқату самимияти хосса ба давлату миллатро шарти асосии муваффақият дар сиёсати хориҷӣ донист.

Дар ҷамъомад теъдоде аз кормандони Вазорат барои муваффақиятҳо дар фаъолияти хидматиашон бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ шуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj