Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафир бо Муовини вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони

23 июли соли равон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии ин мамлакат Иззам Абдулкарим Алқейн мулоқот намуд.

Дар оғози вохӯрӣ дипломати тоҷик ба ҷониби Саудӣ даъватномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Одил ибни Аҳмад Алҷубайрро барои ташриф ба Тоҷикистон ва иштирок дар Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ  бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 15 ва 16 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, тақдим намуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳҳои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва татбиқи нақшаҳои муштарак баррасӣ шуд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj