Тоҷикӣ | Русский | English  

Суҳбати телефонии Президент бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

24 июли соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо бо таманниёти беҳтарин Президенти Ӯзбекистони дӯстро бо ҷашни 60-солагии зодрӯзаш самимона муборакбодӣ намуданд.  

Дар идомаи суҳбат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти самарабахши Шавкат Мирзиёевро дар маснади Роҳбари давлат дар ҷодаи таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон ва таҳкими обруи он дар арсаи байналмилалӣ таъкид карданд.

Ҳамзамон манфиатдорӣ ба тавсеаву такомули пайгиронаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз гардида, ҷиҳати пешбурди муштараки ин раванд изҳори умед карда шуд.

Дар ин замина Сарони давлатҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири густариши  беш аз пеши  муносиботи шарикии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони бародар, ки робитаҳояшон решаҳои амиқи таърихӣ доранд, изҳори ақида намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj