Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус

Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ш.Минск, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Беларус А.Лукашенко бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд.

Зимни мулоқот роҷеъ ба масоили муҳими муносибатҳои байналмилалӣ, инчунин ҳамкориҳои мутақобилаи давлатҳои аъзои Созмон ҷиҳати таъмини амнияти минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj