Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ)

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Музаффар Ҳусейнзода дар нишасти 44-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ), ки дар шаҳри Абиҷони Ҷумҳурии Кот-д’Ивуар баргузор гардид, иштирок намуд.

М. Ҳусейнзода дар суханронии худ, аз ҷумла таъкид дошт, ки "Созмони ҳамкории исломӣ бояд дар ҳалли қазияҳои ҷаҳони ислом нақши муассир дошта бошад". Зимнан таваҷҷуҳи ҳозирин ба масоили вобаста ба тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пешгирӣ аз маблағгузорӣ ва роҳ надодан ба густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ҷалб карда шуд.

Таъкид гардид, ки дастгирии молию иқтисодӣ, мусоидат ба беҳсозии зербинои иҷтимоии кишварҳои тараққикунанда ва аз ин тариқ муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ метавонад яке аз заминаҳои муассири пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро бошад.

Дар ин нишаст ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Исломӣ Заробиддин Қосимӣ ширкат дошт.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj