Тоҷикӣ | Русский | English  

Нишасти Гурӯҳи Муштараки Назоратӣ (ГМН)

 13-16 июни соли 2017 дар шаҳри Душанбе нишасти навбатии Гурӯҳи Муштараки Назоратӣ бо иштироки ҳайатҳои Казоқистон, Қирғизистон, Хитой, Россия ва Тоҷикистон доир гардид.

Дар рафти нишасти мазкур масъалаҳои мухталифи марбут ба амалисозии созишномаҳои «Шанхай» ва «Москва» муҳокима гардиданд.

Дар ҳошияи нишасти ГМН 16 июн ҳайатҳо ҳамчунин дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ ба муносибати 20-солагии баимзорасии Созишномаи Москва оид ба коҳишдиҳии мутақобилаи қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад ширкат варзиданд.

Нишасти навбатӣ тибқи мувофиқаи ҷонибҳо дар Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор мегардад.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj