Тоҷикӣ | Русский | English  

Боздид аз Ширкати “Технолоҷӣ энд сайенс динамикс” (Technology and Science Dynamics)

15 июни соли 2017 дар рӯзи дуюми сафари расмӣ дар Арманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ширкати “Технолоҷӣ энд сайенс динамикс” (“Technology and Science Dynamics”) ташриф оварданд.

Дар ин ҷо меҳмони олимақом Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хос истиқбол гирифта, бо фаъолият ва дастовардҳои ширкат дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шинос намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази муосири илмӣ соли 1998 дар минтақаи озоди иқтисодии Арманистон таъсис ёфтааст. Он бо тадқиқотчиён, докторони илмҳои тиббӣ, номзадҳои илм, 27 ташкилоти академӣ, тиҷоратӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҳамкории пурсамар дошта, корҳои тадқиқотию барномасозиро анҷом медиҳад.

Коргарону мутахассисон ва барномасозон дар бахшҳои муҳандисию технологӣ, биомуҳандисӣ, бахши судӣ-илмӣ, иктишофӣ, коркард ва тарҳрезии барномаҳои мухталиф, илмҳои компютерӣ ва дар соҳаи маориф ба тадқиқот машғул мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо дастовардҳои ин маркази иттилоотию коммуникатсионӣ дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек соядаст гузоштанд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj