Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Президент бо Раиси Раёсати амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

17 майи соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Раёсати амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Масум Станикзайро баҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат таъкид карда шуд, ки ҳамсоягиву дӯстии бардавом маҳаки муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистонро ташкил медиҳанд ва ҳамкории гуногунҷанба бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Ҷонибҳо ҷанбаҳои муҳими рӯзмарраи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла тақвияти муборизаи муштарак ва беамон алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣқарор доданд.

Дар мулоқот доир ба тарҳрезии иқдомоти ҷиддӣ ва муассир барои таҳкими ҳамкории наздисарҳадӣ, тақвияти иқтидори неруҳои марзбонӣ, ҳамоҳангии бештари неруҳои сарҳадӣ ба хотири таъмини амнияти миллии ҳамсоякишварҳо, таҳкими робитаю ҳамкории ниҳодҳои амниятӣ дар марҳалаи мураккаби афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ ва гурӯҳои муташаккили ҷинояткор дар минтақа ва ҷаҳон табодули судманди афкор анҷом дода шуд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj