Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштирок ва суханронии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар Конфронс бахшида ба Идораи масоили бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ

15 майи 2017 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар Конфронс бахшида ба идораи масоили бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Оттаваи Канада иштирок ва суханронӣ намуд.

Намояндаи доимӣ зимни изҳори назар оид ба таҳдиду чолишҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба ташаннуҷи вазъ ва густариши умумии терроризм, паҳншавии зӯроварӣ, нобаробарии иқтисодӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, афзоиши мушкилоти демографӣ, муҳоҷират, тағйирёбии иқлим, идораи обҳои фаромарзӣ ва ғайра таъкид намуд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур талошҳои муштаракро дар минтақаи Осиёи Марказӣ зарур арзёбӣ намуд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj