Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин

10 майи соли 2017Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ

Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Корея сарфарозам ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол намоям.

Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрии васеъ бо кишвари Шумо қаноатмандем ва ба дурнамои он дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн назари некбинона дорем.

Изҳори итминон менамоям, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои кишварҳои мо, ки чанде пеш 25-солагии оғози онҳоро ҷашн гирифтем, ба нафъи мардумонамон ба зинаҳои бозҳам баландтар бардошта хоҳанд шуд.

Бо ибрози беҳтарин таманниёт, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комилу саодат ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиву дастовардҳои навин баҳри пешрафт ва шукуфоии Ҷумҳурии Кореяи дӯст орзумандам».

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj