Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи табрикии Президент ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон

08 майи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, 

Бо камоли сарфарозӣ ба Шумо табрикоти самимонаи  хешро ба муносибати пирӯзиатон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Франсия ирсол медорам.  

Ҷониби Тоҷикистон сатҳу мӯҳтавои имрӯзаи муносибатҳои ҳамшарикиашро бо давлати  Франсия баланд арзёбӣ намуда, маҷмӯи ҳамкориҳои босамарро бо он самти муҳими сиёсати хориҷии худ медонад.  

Мо ба ояндаи  равобити ҳасана  бо Ҷумҳурии Франсия дидгоҳи нек дорем ва  умедворем, ки дар давраи сарварии Шумо аз он муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои  гуногунҷанбаи байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ба марҳалаи ҷадиди тавсеаи худ ворид хоҳанд шуд.  

Омодагии хешро барои саъю талошҳои муштарак дар ин ҷода иброз намуда, ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Франсия сулҳу суботи пойдор  ва шукуфоии рӯзафзун  таманно дорам».

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj