Тоҷикӣ | Русский | English  

Сафари кории ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея

16 апрели соли 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сеул нишасти корӣ бо ширкати энергетикии кореягии “Hurit Co.Ltd” ва ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Корея қарор доранд, баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳои рушди батадриҷи тиҷорату савдо ва зарурати ҷалби технологияи муосири Корея ба бахшҳои мухталифи соҳаи саноат ва энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Нимаи дуюми рӯзи 16 апрели соли 2017 дар чаҳорчӯби сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода мулоқоти ӯ бо Роҳбари Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Маркази хонум Ли Ок Рён баргузор гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, манфиатдории муштараки худро ба истифодаи имконоти зиёди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф, изҳор намуданд.

17 апрели соли 2017 дар шаҳри Сеул Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Неъматулло Ҳикматуллозода бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Корея Чунг Се Кюн мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди робитаҳои судбахши Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути ба роҳ мондани робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки робитаҳои ду кишвар рӯй ба рушди устувор овардаанд.

Ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии амиқи худро ба густариши робитаҳо таъкид доштанд.

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj