Тоҷикӣ | Русский | English  

Машваратҳои навбатӣ байни мақомоти сиёсати хориҷиии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Остона

20 апрел дар шаҳри Остона даври навбатии машваратҳо байни мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд.

Зимни машваратҳо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон К.Абдрахманов  масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои он, инчунин мавзӯи ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Миёни ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамкориҳои ду кишвар вобаста ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақа ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар мубориза бо таҳдиду чолишҳо баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳадафҳои мушаххасро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёту коммуникатсия муайян намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ вазирони ду кишвар мубодилаи Тасдиқномаҳоро ҷиҳати эътибор пайдо намудани Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон анҷом доданд, ки тибқи Протоколи ба имзо расонидашуда, 20 апрели соли 2017 эътибор пайдо кард.

Бояд қайд намуд, ки Шартномаи мазкур аз ҷониби Сарони ду давлат 14 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе баста шуда буд.

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj