Тоҷикӣ | Русский | English  

Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
«28» декабри соли 2006
№ 593 тасдиқ шудааст.


Низомномаи
Вазорати корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


I. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, идоракунии давлатиро дар соҳаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд.
2. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди роҳбарӣ қарор медиҳад.
3. Ба низоми Вазорат намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулгариҳои Ҷумҳурии Тољикистон дар давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва минтақавӣ) (минбаъд - муассисаҳои хориҷӣ), маќомоти минтақавӣ - намояндагиҳои Вазорат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дохил мешаванд.
4. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ анҷом медиҳад.

II. Ваколатҳо

5. Вазорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ваколатҳои зайлро анҷом медиҳад:
- таҳияи стратегияи умумии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешкаш намудани пешниҳодҳои мувофиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат баҳри баланд гардидани нуфузу обрўи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорат ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти байналмилалии дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таъмини самти ягонаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
- ҳамкорӣ дар ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти иҷроия бо мақомоти қонунгузор ва судӣ ба мақсади риоя намудани принсипи ягонагии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои ўҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати иштироки ин мақомот ва шахсони мансабдори онҳо дар фаъолияти байналмилалӣ;
- бо роҳҳои дипломатӣ таъмин намудани ҳимояи истиқлолият, амният, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳад, манфиатҳои иқтисодиву дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;
- таъмин намудани муносибатҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва робитаҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
- роҳбарӣ намудани фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
- назорати рафти иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати риояи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муносибатҳои байналмилалӣ;
- ҷамъбаст ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ;
- баррасии масъалаҳо оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- роҳнамоии мақомоти марказии матбуот, радио ва телевизион, қонунигардонии фаъолияти воситаҳои ахбори умуми давлатҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ ва амалӣ гардонидани дигар тадбирҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори хориҷӣ ба мақсади огоҳ намудани онҳо оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мутобиқат ба рушди робитаҳо ва муносибат бо ҳамватаноне, ки дар хориҷи кишвар иқомат доранд.
6. Вазорат мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш вогузошташуда, ваколатҳои зеринро ба амал мебарорад:
- Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;
- барои баланд гардидани саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзои ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд;
- стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мегардонад;
- бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҳумхурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотӣои байналмилалӣ дар асоси таҳлили ахбороти вобаста ба маҷмўи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва масъалаҳои байналмилалӣ пешниҳодҳо омода ва манзур менамояд;
- лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд, оид ба бастан, иҷҳҷро намудан, қатъ намудан ва боздоштани амали шартномаҳо таклифҳо омода намуда, ба тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтушунидҳо анҷом медиҳад;
- ҷиҳати иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати умумӣ бурда, дар тайёр намудани таклифҳо оид ба мувофиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ўҳдадориҳои байналмилалӣ иштирок менамояд;
- дар таҳияи сиёсат ва чорабиниҳои мушаххас оид ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудофиа ва амният, ҳамчунин густараши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва молиявӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва дигар шаклҳои алоқаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок менамояд;
- иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Европа, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, конференсияҳо, форумҳо таъмин намуда, ба баланд бардоштани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таъмин менамояд;
- барои фаъолияти дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои дар хориҷабударо, мақомоти минтақави - намояндагиҳои Вазорат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои тобеи Вазорат, шароити зарурӣ фароҳам меорад;
- бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ташкилӣ, молиявӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба фаъолияти он алоқаманд аст, пешниҳодҳо ирсол менамояд;
- ба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия барои паҳн намудани ахбороти расмӣ оид ба масъалаҳои самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти нашри санаҳои боздиди роҳбарони давлат ба хориҷи кишвар ва роҳбарони давлатҳои хориҷию ташкилотҳои байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамчунин дар хусуси инъикоси ҷараёни боздидҳо розигӣ медиҳад;
- таъминоти ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воситаҳои ахбори умуми давлатҳои хориҷиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- барои паҳн намудани ахборот дар хориҷи кишвар оид ба сиёсати хориҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёти иҷтимоӣ - иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвар мусоидат менамояд;
- дар таъмини маросими ташрифотӣ ҳангоми мубодилаи байни- давлатӣ дар сатҳи олӣ ва баланд иштирок мекунад, ҳамчунин аз болои иҷрои имтиёз ва масуниятҳои дипломатӣ ва консулӣ назорат мебарад;
- ба амалӣ намудани робитаҳои байнипарламентӣ ва дигар робитаҳои хориҷии Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;
- ташкилотҳои дар хориҷабударо оид ба масъалаи сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ огоҳ месозад;
- фаъолияти низоми ягонаи давлатии сабт ва баҳисобгирии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;
- нигоҳдории доимии нусхаҳои аслӣ (нусхаҳои тасдиқшуда, тарҷумаи расмӣ)-и шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводи бойгонии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҷуҷҷатҳои дар он мавҷудбударо таъмин менамояд;
- дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои хориҷӣ, намояндагиҳои Вазорат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои тобеи Вазоратро бо кадрҳо таъмин намуда, тайёр намудан, такмил додан ва баланд бардоштани дараҷаи ихтисос ва савияи кадрҳои хизмати дипломатиро ташкил менамояд;
- дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар фаъолияти консулиро ташкил менамояд, бо тартиби муқарраргардида хизматрасонии консулӣ, ахборотӣ-машваратӣ ва дигар намуди хизматрасониҳоро анҷом медиҳад;
- дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамватанонеро, ки берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд, таъмин менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои шиносномавӣ-раводидиро ба расмият медарорад;
- бо тартиби муқараргардида имзоҳои шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳуҷҷатҳое, ки барои фиристодан ба хориҷи кишвар муайян шудаанд, тасдиқ менамояд ва таъйид намудани ҳуҷҷатҳои хориҷиро ба амал мебарорад;
- алоқаи қосидӣ - дипломатиро бо истифодаи воситаҳо оид ба ҳифзи почтаи дипломатӣ ҳангоми ҳамлу нақли он таъмин менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ дар баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ иштирок менамояд;
- бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии давлатҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;
- бо мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии мањаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ менамояд;
- аз рафти риояи Ташрифоти давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои дохилидавлатӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мебарад;
- дар кори комиссияи байниҳукуматӣ, ки ба ўҳдаи он ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти Вазорат дахлдор вогузор шудааст, иштирок менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ бо мувофиқаи мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия оид ба таъмини амният ва ҳимояи муассисаҳои хориҷӣ, кормандон ва аъзои оилаи онҳо чораҳо меандешад;
- дар ҳолатҳои фавқулодда дар кишвари иқомат бо тартиби муқарраргардида бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иҷроия оид ба қисман ё комилан берун овардани муассисаҳои хориҷӣ, кормандони он, мутахассисон ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад;
- дар доираи салоҳияти худ дастурамалҳо ва қоидаҳои оид ба маҷмўи масъалаҳои муносибатҳои хориҷӣ, ки риояи онҳо аз ҷониби тамоми вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад, қабул менамояд ва ҳамчунин иҷрои онҳоро тафтиш менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ амнияти корҳои рамзикунонӣ ва алоқа, ҳамчунин тартиби махфиро дар Вазорат ва муассисаҳои хориҷӣ ташкил, амалӣ ва таъмин менамояд;
- ба таъмини шароити корӣ, манзилӣ, фарҳангӣ-иҷтимоии кормандони Вазорат мусоидат менамояд;
- мактубҳо (ариза ва шикоятҳо)-и шаҳрвандонро баррасӣ намуда, ҳалли саривақтӣ ва беғаразонаи масъалаҳои дар онҳо зикргардидаро, ки ба фаъолияти Вазорат марбут мебошанд, назорат мебарад;
- дигар функсияҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро менамояд.
7. Вазорат барои татбиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошта, ҳуқуқ дорад:
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидораи маҳаллӣ, инчунин аз ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравиашон ҳуҷҷатҳо, маълумотномаҳо ва дигар маводи лозимаро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат, гирад;
- бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти мазкур ва ташкилотҳо иттилоот пешниҳод намояд;
- мукотибаи дипломатӣ (ҳамчунин ирсол намудани меморандумҳо, номаҳои ёддошт ва ғ.)-ро бо сафоратҳо, намояндагиҳо ва консулгариҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ монад. Дигар вазорату идораҳо бо риояи муқаррароти ин банд тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳи мубодилаи номаҳо метавонанд мукотиба намоянд;
- оид ба мувофиқ будани лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мушоҳида гузаронад;
- бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳия намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва хизмати дипломатӣ пешниҳодҳо ирсол намояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амалҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ки боиси риоя нагардидани принсипи ягонагии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷро нагардидани ўҳдадории байнамилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё вайрон кардани тартиби муқарраршуда нисбат ба нақши роҳбарикунандаи Вазорат дар таъмини самти ягонаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, гузориш диҳад;
- дар ҳолате, ки фаъолияти намояндагони (намояндагиҳои) мақомоти ҳокимияти иҷроия, муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва корхонаҳо дар хориҷи кишвар ба тартиби муқарраргардида ҳмухолифат мекунад, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мувофиқ пешниҳод намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои оид ба таъсис, аз нав ташкил кардан, барҳам додани ташкилотҳои тобеи Вазорат, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони онҳоро ҳал намояд;
- маблағҳоеро, ки аз намудҳои фаъолияти иҷозатдодашуда бо тартиби муқараргардида дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст меорад, истифода барад;
- аз дигар вазорату идораҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо, маълумот, ахбор ва маводи вобаста ба ҳалли масъалаҳои марбут ба ваколати Вазоратро талаб намояд;
- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои илмию тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марбут ба сиёсати хориҷӣ тадқиқотҳо гузаронад;
- барои маблағгузории рушди заминаи моддӣ-техникии Вазорат ва ҳамчунин барои эҳтиёҷоти иҷтимоии коргарони он, бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида воситаҳои ғайрибуҷетӣ, ки аз расонидани хизматњои консулӣ ва дигар намуд хизматрасониҳо ба даст меоянд, истифода барад.
8. Вазорат дар бораи таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандон бо тартиби муқарраршуда ба сохторҳои дахлдор пешниҳод манзур менамояд, таъминоти моддию техникии сафоратҳо, намояндагихњо, консулгариҳо ва дигар мақомотҳои тобеи онро ташкил мекунад, дар бобати амалӣ намудани сохтмони асосӣ ва таъмири биноҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тадбирҳо меандешад.
Бо тартиби муқарраргардида озмунҳо мегузаронад ва шартномаҳои давлатиро барои расонидани мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Вазорат, инчунин гузаронидани корҳои илмиву тадқиқотӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ мебандад.
9. Ваколати ихтиёрдори асосӣ ва қабулкунандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои нигаҳдории Вазорат ва иҷро намудани ваколатҳои ба Вазорат вогузоршуда пешбинӣ шудаанд, амалӣ мегардонад.
10. Вазорат дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумотеро, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, таъмин мекунад.
11. Вазорат дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ дорад санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки барои иҷрои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳатмӣ мебошанд, қабул кунад.
12. Вазорат ҳуқуқ надорад функсияҳои назорат ва идораи амволи давлатиро ба истиснои ҳолатҳое, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд, анҷом диҳад.
Ҳангоми танзими ҳуқуқии фаъолият Вазорат ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро муқаррар намояд, ки қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ пешбинӣ накардаанд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии ҷорӣ намудани чунин маҳдудиятҳо дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои мақомоти марказии ваколатдори ҳокимияти иҷроия, ки тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегарданд, пешбинӣ шудааст.

III. Ташкили фаъолият

13. Вазоратро Вазир роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Вазир барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
Вазир муовинон, аз ҷумла муовини аввал дорад, ки онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазир ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Шумораи муовинонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
14. Воҳидҳои сохтории Вазорат аз департаментҳо ва раёсатҳои марзӣ, соҳавӣ ва маъмурӣ иборат мебошанд. Дар таркиби департаментҳо ва раёсатҳои мутақил мумкин аст шўъбаҳо ташкил карда шаванд.
15. Вазир:
- ба фаъолияти Вазорат роҳбарӣ намуда, низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазоратро тасдиқ менамояд, салоҳияти шахсони мансабдори Вазоратро муайян менамояд;
- фармонҳо, амрҳо ва дастурамал қабул намуда, оид ба масъалаҳои фаъолияти дастгоҳи марказии Вазорат, муассисаҳои хориҷӣ, мақомоти намояндагии минтақавии Вазорат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо медиҳад;
- бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани сафирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ ва намояндаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва минтақавӣ), дар бораи таъин ва ё озод намудани роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуфтушунидҳо таклифҳо пешниҳод менамояд;
- Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисёрҷониба намояндагӣ намуда, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалиро имзо менамояд;
- эътиборномаҳои таъин ва бозхостани Сафирҳо ва Фиристодаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар, тасдиқномаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйид намуда, ваколатномаҳо барои имзои шартномаҳо ва иштироки намояндаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷлосияҳои Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, конференсияҳои байналмилалӣ ва гуфтушунидҳо тасдиқ ва имзо мекунад, ваколатномаи Кордори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва патентҳои консулиро имзо мекунад;
- намояндагони дипломатие, ки нияти супоридани эътиборномаҳоро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта, ҳамчунин ваколатномаи Кордорҳоро қабул мекунад;
- бо мувофиқаи идораҳои дахлдор доираи фаъолияти ҳавзаҳои консулӣ, консулҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва консулони хориҷиро дар қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ба консулҳои хориҷӣ экзекватура медиҳад;
- Вазоратро дар робитаҳои байниҳамдигарӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатии давлатҳои хориҷӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ намояндагӣ мекунад;
- Руйхати штати муассисаҳои хориҷиро дар доираи фонди муқарраргардидаи музди меҳнат ва шумораи кормандон, инчунин сметаи хароҷоти нигоҳдори муассисаҳои хориҷӣ дар доираи маблағҳои аз буҷет ҷудонамуда тасдиқ мекунад;
- дар доираи ваколати худ кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказии Вазорат ва муассисаҳои хориҷӣ, инчунин дигар кормандони дар системаи Вазорат бударо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- бо тартиби муқарраргардида кормандонро ба мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад, мукофотҳои идоравиро тасдиқ ва инъом мекунад, дигар намудҳои ҳавасамандкуниро амалӣ мегардонад;
- бо тартиби муқарраргардида рутбаҳои дипломатӣ аз вобаста то мушовири дараҷаи 1 медиҳад, ҳамчунин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси додани рутбаҳои дипломатии Сафири Фавқулодда ва Мухтор, Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи I-II пешниҳод ирсол менамояд;
- дигар ҳуқуқҳоро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.
16. Дар ҳолати набудани Вазир вазифаҳои онро муовини аввал ё бо супориши Вазир яке аз муовинҳои Вазир иҷро мекунанд.
17. Дар Вазорат ҳайати мушовара дар ҳайати 7 нафар ташкил карда мешавад, ки ба он Вазир (раиси ҳайати мушовара), муовинони ў (аз рўи вазифа), инчунин дигар роҳбарони сохтории Вазорат дохил мегарданд.
Шумора ва ҳайати мушовараи Вазорат, ба истиснои онҳое, ки аз рўи вазифа ба ҳайати он дохил мешаванд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Ҳайати мушовара масъалаҳои муҳими вобаста ба фаъолияти Вазоратро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул мекунад.
Қарорҳои ҳайати мушовара бо овозҳои аксарияти аъзои он дар шакли қарор қабул гардида, аз рўи қоида, бо фармони Вазир татбиқ карда мешаванд. Дар ҳолати ихтилоф байни Вазир ва ҳайати мушовара, Вазир қарори худро дар амал татбиқ намуда, бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
18. Ба мақсади таҳия намудани пешниҳодҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорат метавонад шўроҳои илмӣ-машваратӣ, методӣ ва экспертӣ таъсис диҳад.
Ҳайати шўроҳо ва низомономаҳои онҳоро Вазири корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Масъалаҳои ташкилию техникии фаъолияти шўроҳои зикршударо дастгоҳи марказии Вазорат амалӣ менамояд.
19. Вазорат бо тартиби муқарраргардида маҳалла, бюллетенҳо ва дигар нашрияҳои чопӣ оид ба масъалаҳои ба он дахлдорро ба нашр мерасонад.
20. Маблағгузории хароҷотҳои дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомотҳое, ки ба Нақшаи идоракунии Вазорат шомиланд ба пули миллӣ ва асъори хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои махсус ва ҳисоби хоҷагидорӣ пешбинӣ шудаанд, амалӣ мегардад.
21. Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунии он, шумораи воҳидҳои корӣ ва фонди музди меҳнати дастгоҳи марказиии Вазоратро Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
22. Вазорат дорои амволе мебошад, ки ба он ҳуқуқи идораи оперативӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.
23. Бо тартиби муқарраргардида Вазорат корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои барои фаъолияташ зарурро таъсис дода метавонад.
24. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мўҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, мўҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
25. Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорат таъсис додани ташкилотҳои ҳизбҳои сиёсӣ, динӣ, иттиходияҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ба истиснои иттифоқҳои касаба, манъ аст.
26. Назорати фаъолияти Вазорат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
27. Маҳалли ҷойгиршавии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 42 мебошад.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj